Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Вена

Март 21, 2015 10:41

Душанбе, 21.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- 18 марти соли 2015 дар бинои Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид  дар Вена бо ибтикори Намояндагиҳои доимии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил карда шуд.
Aз номи намояндагиҳои доимӣ Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аюб Ирфонӣ ҳозиринро хайрамақдам гуфт.  Сипас муовини мудири кулли Шуъбаи СММ дар Вена ҷаноби Дэннис Тчатчайчавалит паёми табрикии муовини Дабири кулли СММ, Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид  дар Вена Юрий Федотовро ба меҳмонону иштирокчиёни чорабинӣ ироа намуд.
Намояндагии доимии Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳо гӯшаи фарҳангии худро бо наворҳои ҷолибу тамошобоби наврӯзӣ, намунаи ҳунарҳои халқӣ, аз ҷумла сӯзанӣ, гулдӯзӣ ва маводҳои гуногуни таблиғотӣ ороиш дод. Дар гӯшаи Тоҷикистон дастархонаи идона густурда шуда, ба меҳмонон намудҳои гуногуни ғизои миллӣ, меваҳои хушк ва тару тоза пешниҳод гардиданд. Аз гушаи Тоҷикистон теъдоди зиёди ширкаткунандагон дидан карданд.

Март 21, 2015 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд