150 000-и «Хомаи созанда» ба беҳтарин маводи журналистӣ

Март 12, 2015 14:43

Душанбе, 12.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Имсол бо ташаббуси раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, тавзеҳи воқеъбинона,  асоснокии дигаргунсозӣ ва мушкилоти дорои аҳамияти махсуси иҷтимоӣ, ҳамзамон ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб озмуни беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2015 таҳти унвони “Хомаи созанда” доир мегардад.
Дар ин бора муовини якуми раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов зимни вохӯрӣ  бо журналистон, ки дирӯз, 11 март дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор гардид, иттилоъ дод.
Ҷумъабой Сангинов гуфт, дар озмуни “Хомаи созанда” журналистон метавонанд дар бораи тадбирҳо оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак, пешгирии худкушӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, тарғиби «Соли оила», фарҳанги оиладорӣ ва устувории он, тарбияи насли наврас, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва муноқишаҳои оилавӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва ғайра маводи таҳлилии худро, ки дар марҳилаи аз 1 январи соли 2015 то 1 октябри соли 2015 пахш ва ё нашр гардидаанд, пешниҳоди ҳайати ҳакамон намоянд.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, барои озмуни имсолаи беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2015, ки таҳти унвони “Хомаи созанда” доир мегардад, 150 000 сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.
 
 

Март 12, 2015 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд