20 соли барқарории муносиботи дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт

Март 31, 2015 14:29

Душанбе, 31.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- Кувайт аз нахустин кишварҳои арабӣ аст, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кард ва 31 марти соли 1995 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт робитаҳои дипломатӣ барқарор шуданд.
Дар ин марҳила, ки пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ду кишвар эҳё шудаанд, ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва инсонӣ бемайлон рушду тавсеа меёбанд. Мулоқоту боздидҳои мутақобила дар сатҳҳои олию баланд, бахусус натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт моҳи июни соли 2013 ба тақвияти робитаҳои сиёсӣ ва таъйини самтҳои нави ҳамкориҳо такони ҷиддӣ бахшид. Кувайт яке аз шарикони муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рушд мебошад ва дар татбиқи лоиҳаҳои мухталифи иқтисодию зерсохтории миллию минтақавии кишварамон фаъолона ширкат меварзад.
Тоҷикистон ва Кувайт ба таври фаъол дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ низ ҳамкорӣ мекунанд.
Заминаи аҳдномавию ҳуқуқие, ки  то имрўз ташаккул ёфтааст ва муносибатҳои дуҷонибаи моро танзим мекунад, барои татбиқи стратегияи ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму техника, иттилоот ва ҳамчунин  тақвияти муколамаи сиёсии байни ду давлат имконияти мусоидро фароҳам овардааст.
Нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ байни ду кишвар ҳамчун механизми фаъол барои назорат ва пайгирии татбиқи созишномаҳо ва ташхиси самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба муҳим аст. Интизор меравад, ки ҷаласаи навбатии ин комиссия дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар Кувайт баргузор мегардад.
Ба муносибати 20 солагии робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт моҳи апрели соли 2015 дар Кувайт як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд ва ин рӯйдоди таърихӣ ба рушди беш аз пеши муносибатҳои ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Март 31, 2015 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд