Аҳамияти беназири об чун сарчашмаи ҳаёт
Душанбе,16.03.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-14 март дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар доираи 10-солагии «Амалиёти об барои ҳаёт» дар мавзӯи «Об — сарчашмаи ҳаёт» мизи мудаввар доир гардид.
Бино ба иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева ноиби ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашуров афзуд, ки маҳз бо талошу иқдомҳои созандаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти ҳамкорӣ дар соҳаи об дар ҷаҳон маълум гаштааст.
Сардори Раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағоймурод Гулов дар мавзӯи «Захираҳои обӣ ва аҳамияти онҳо барои рушди устувори Тоҷикистон» маърӯза намуда, зикр намуд, ки бо ташаббуси Тоҷикистон аз минбарҳои баланди СММ соли 2003 — Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи об барои ҳаёт ва соли 2013 -Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон гардид. Дар ин муддат шаҳри Душанбе борҳо ба маркази баргузории чорабинӣ ва конфронсҳои бузурги сатҳи байналмилалӣ мубаддал гардид.
Асоси сарчашмаи обии Тоҷикистонро пиряхҳо ташкил медиҳанд, ки 845 километр тӯл кашидаанд. Дар қаламрави Тоҷикистон 947 дарё бо дарозии умумии 28 ҳазору 500 км ҷорӣ мегардад. Аз рӯи захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷои якум ва дар ҷаҳон ҷои 8-умро соҳиб аст,- иброз дошт Т.Гулов.
Дар ҷамъомад инчунин дар мавзӯи «Муоина ва ҳифзи захираҳои манбаъҳои обӣ дар ҶТ», «Ташхис ва сифати захираҳои об ва масъалаи пешгирии ифлосшавии онҳо», «Мавқеи об дар эҷодиёти олимони Машриқзамин» маърӯзаҳо шунида шуда, аз аҳамияти беназири об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт ёдовар шуданд.








РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!






