Арҷгузорӣ ба манзалати Зан-модар

Март 10, 2015 15:39

Душанбе, 10.03.2015.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ба ифтихори Рӯзи Модар дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон чорабинии маърифатию фарҳангӣ доир гардид. 
Ба иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева ректори донишкада Ашурбой Солиев бонувонро бо ин ҷашн шодбош гуфта, иброз дошт, ки зани тоҷик табиатан тарбиятгари тавоно буда, бо хоксориву меҳрубониаш марҳами дили дардмандон аст. Ин аст, ки модарону хоҳарони азизи мо рисолати хешро дар ду соҳаи муҳими иҷтимоӣ – фарҳангу маориф ҳамеша сарбаландона ба ҷо оварда, сазовори ҳурмату эҳтироми баланди аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд.
Дар қисмати фарҳангии барнома, ки бо ташаббуси бахши фарҳанги шуъбаи тарбия омода шуда буд, донишҷӯён бо барномаи  дилписанди консертӣ дар васфи модар, саҳначаҳои ҳаҷвӣ аз ҳаёти донишҷӯён ба базми идона шукӯҳи дигар бахшиданд.
Инчунин озмуни беҳтарин газетаи деворӣ таҳти унвони «Модари миллат», ки байни донишҷӯёни факултаҳои донишкада баргузор гашт, ҷамъбаст ва ғолибон бо Диплом мукофотонида шуданд. Ҳамчунин барои нақши созанда ва ташаббускорӣ дар фаъолияти хизматӣ ва тарбиявӣ ба бархе аз устодону кормандони фаъоли донишкада дар вазъи тантанавӣ Ифтихорнома супорида шуд.
 
 

Март 10, 2015 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд