Баргузории Спартакиадаи донишҷӯён
Душанбе, 19.03.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Ҷиҳати иҷрои бандҳои 1-19 қисми III “Спартакиадаи донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, нақшаи маблағгузории тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва дар асоси қарори Комиссияи танзим ва ҳамоҳангсозӣ оид ба барномаҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, фармоиши нави раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба тавсиб расид, ки тибқи он Спартакиадаи донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 10 намуд варзиш дар се марҳила баргузор мешавад.
Тавре ки дар ин бора Наврўз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дод, марҳилаи якум ва дуюм дар сатҳи мактабҳои олӣ ва мактабҳои олии вилоятҳо, минтақа ва шаҳри Душанбе баргузор гардида, марҳилаи сеюм ва ниҳоии Спартакиадаи донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 15 май аз рӯи намуди волейбол (мардон), 5-9 май дар шаҳри Чкалов, волейбол (бонувон), 12-16 май дар шаҳри Хоруғ, баскетбол (мардон), 5-9 май дар шаҳри Душанбе, баскетбол (бонувон), 12-16 май дар шаҳри Қурғонтеппа, гӯштини тарзи озод, 7-8 май дар шаҳри Душанбе, гӯштини миллӣ, 5-6 май дар ноҳияи Рашт, гӯштини дзюдо, 5-6 май дар шаҳри Душанбе, гӯштини самбо, 5-6 май дар шаҳри Кӯлоб, бокс, 19-23 май дар шаҳри Душанбе, варзиши сабук (мардон ва бонувон), 2-3 май дар шаҳри Душанбе, тенниси рӯи миз (мардон ва бонувон), 12-16 май дар шаҳри Хуҷанд, таэквондо (ВТФ), (мардон ва бонувон), 14-15 май дар шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки Спартакиадаи донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар як муддат баргузор нагардида, пас аз танаффус дубора эҳё шудааст.
Масъулини соҳа ҳадафи онро рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар байни донишҷӯёни макотиби олӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш ва муайян намудани дастаҳои мунтахаби донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар арзёбӣ мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






