Бархурдории 2000 сокини Хуҷанд аз хони наврӯзӣ

Март 17, 2015 14:17

Хуҷанд, 17.03.2015. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар арафаи Иди Наврӯз наздик ба 2000 нафар сокини Хуҷандшаҳр аз кумаки идонаи мақомоти шаҳри Хуҷанд бархурдор хоҳад гашт. 
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз мақомоти шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, тибқи дастуру супориши раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода чун анъана соли равон низ дар рӯзҳои ҷашнгирии Наврӯзи хуҷастапай шахсони камбизоату танҳо ва шахсони имконияташон  маҳдуд аёдат шуда, ба онҳо кумаки моддӣ иборат аз маводи хӯрокӣ расонда мешавад. 
Инчунин дар рӯзҳои наврӯзӣ  аз ҷониби раиси шаҳр низ чанд нафар оилаҳои собиқадорони меҳнат ва ҳамчунин ниёзманд аёдат шуда, ба онҳо хони наврӯзӣ тақдим мешавад.
Ҳамзамон расонидани кумаки идона аз ҷониби ташкилотҳову соҳибкорон низ дар назар аст. 
  Бояд гуфт, ки дар идомаи ин иқдом, тиқби супориши шаҳрдори Хуҷанд чун солҳои қаблӣ соли равон низ  барои 22 маҳаллаи шаҳр баҳри таҷлили иди Наврӯз ва тайёр намудани таоми наврӯзии суманак аз ҷониби мақомоти шаҳр орд ва равған ройгон дастрас  мешавад. 
 

Март 17, 2015 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд