Барномаи миллӣ бар зидди бемории сил

Март 23, 2015 10:20

Кӯлоб, 23.03.2015.(АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).- 24 март  Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил эълон шудааст. Бахшида ба ин сана чанде пеш дар толори конфронсии ҳукумати шаҳри Кўлоб оид ба саҳми ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар амалӣ гаштани барномаи миллӣ бар зидди бемории сил дар минтақаи Кўлоб мизи мудаввар баргузор гардид. Лоиҳа бо дастгирӣ ва ҳамоҳангсозии Барномаи  сил ва ВИЧ, маблағгузории Агентии ИМА оид ба такмили барномаи USAID баҳри паст кардан ва гузариши касалиҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ доир мешавад. Чорабинии мазкур бо ташаббуси ҳамоҳангсози лоиҳаи USAID «Муошират оид ба ВНМО ва бемории сил» Рустам Бозоров ва ташкилоти ҷамъиятии «АНИС» ташкил шуд. Дар мизи мудаввар намояндагони ҳукумати шаҳр, Васоити ахбори омма, намояндагони марказҳои тандурустӣ, нуқтаҳои бақайдгирии касалиҳои сироятӣ ва аҳли ҷамоати шаҳри Кўлоб ширкат варзиданд. 
Мақсади барнома баррасии вазъи эпидемиологии бемории сил дар шаҳр, ҳолатҳои пешгирӣ аз гирифторшавӣ ва назорати табобати бемории сил дар байни аҳолӣ ва гурўҳҳои эҳтиёҷманд, ҳамзамон саҳми созмонҳои байналхалқӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар амалӣ гаштани «Барномаи миллӣ бар зидди бемории сил» дар минтақаи Кўлоб, вазъи муҳоҷират дар минтақа ва қадамҳои пешгирикунанда аз ҷониби Созмони муҳоҷират ва саҳми маҳаллаҳо дар амалӣ гаштани лоиҳаи мазкур мебошад. Бояд зикр кард, ки ин ҳолат дар шаҳри Кўлоб нисбат ба ноҳияҳои дигари минтақа вазнинтар аст. Дар нуқтаи бақайдгирии шаҳри Кўлоб то ин муддат 559 нафар шаҳрванд бо касалиҳои сироятӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб 175 нафараш дорои бемории сил ва 384 нафари дигар дорои касали сироятии ВИЧ мебошад. Ҳолати мазкур ба гуфти директори Маркази ВНМО дар минтақаи Кўлоб ташвишовар аст. Дар айни замон ҳамаи марказҳо баҳри паст намудани ин амал корҳои пешгирикунанда ва оммафаҳмониро дар байни аҳолӣ бурда истодаанд.   
 
 

Март 23, 2015 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд