Баррасии ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Ветнам

Март 13, 2015 09:35

Душанбе, 13.03.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-11-уми марти соли равон вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо сафири навтаъйини Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Фан Ван Фао  ҳамкориҳои Тоҷикистону Ветнамро дар соҳаи технологияи нав баррасӣ карданд.
Бино ба иттилои котиботи вазорати мазкур вазири саноат ва технологияҳои нав  Шавкат  Бобозода сафири навтаъйини Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Фан Ван Фаоро барои ба ин вазифа таъйин шуданаш  табрик намуда,  ҷиҳати амалигардонии фаъолияти касбиашон комёбиҳо таманно намуд.
Зимни мулоқот сафири нави   фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ҳадафи асосии  талошу кўшишҳои минбаъдаашро пеш аз ҳама дар самти таҳким ва густариш бахшидани ҳамкориҳо ва муносибатҳои дуҷониба  арзёбӣ намуда,  изҳори боварӣ намуд, ки  тамоми саъю неруи худро дар бахши тақвияти равобити соҳаи саноат ва технологияҳои нав  равона хоҳад кард. 
Гуфта мешавад, Шавкат Бобозода  доир ба соҳаҳои саноат, бахусус соҳаи нассоҷӣ ва дўзандагӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ ва мавҷуд будани захираҳои зиёди  ашёи хом ибрози назар намуда, ҳамкориҳои судмандро дар самтҳои мазкур мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд.
Ҷонибҳо аз натиҷаи вохурӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариши ҳамкориҳои дуҷониба  ба манфиати тарафҳо хоҳад буд.

Март 13, 2015 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад