Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо СААД

Март 13, 2015 16:17

Душанбе, 13.03.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрўз вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти  дастаҷамъӣ  Бордюжа Николай Николаевич  мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои ба миён омада дар миқёси  Созмони Аҳдномаи Амнияти  Дастаҷамъӣ ҷиҳати дарёфт ва ҷалби корхонаҳои муштарак, имконияти ҷойгир кардани фармоишҳо  дар ин корхонаҳо, аз нав таҷҳизонидани онҳо бо технологияи муосир ва пурра ба кор даровардани иқтидорҳои истеҳсоли маҳсулоти саноати мудофиавӣ, таъсис додани корхонаҳои муштарак оид ба коркарди нахи ниҳоии пахта мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо  ҷиҳати амалисозии онҳо  ҳамкориҳои судмандро дар самтҳои номбурда мувофиқи мақсад шумориданд.
Бино ба иттилои котиботи вазорати мазкур ҷонибҳо аз натиҷаи вохурӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба  ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.
 

Март 13, 2015 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!