Бунёди 14 бинои истиқоматии 12 ошёна барои низомиён

Март 13, 2015 14:55

Душанбе, 13.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Имрӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ  бо иштироки Сардори Давлат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони шаҳраки муосири истиқоматӣ барои низомиён оғоз ёфт.  
Қитъаи таҳияшавандаи шаҳраки низомиён қад-қади роҳи Душанбе-Ҳисор ҷойгир шудааст. Замини ҷудошуда зиёда аз 8 гектарро ташкил дода, дар он 14 бинои истиқоматии 12 ошёна, боғчаи кӯдакон барои 400 нафар, мактаби таҳсилоти умумӣ барои 1200 хонанда дар як баст ва бунгоҳи тиббӣ бунёд хоҳад шуд. 
Дар ошёнаҳои якуми хонаҳои истиқоматӣ маркази савдо, қисми тиббӣ-беҳдоштӣ ва муассисаи хизматрасонии маишӣ ҷойгир шудаанд. 
Президенти кишвар зимни суҳбат ба роҳбарияти ноҳияи Рӯдакӣ супориш дод, ки барои сохтмони шаҳраки низомиён қитъаи замини иловагӣ ҷудо шавад. Сарвари Давлат ҳамчунин дастур дод, ки се бинои 12 ошёна барои кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва се бинои 12 ошёна барои кормандони КДАМ ҷудо  шавад. 

Март 13, 2015 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд