Бунёди Академияи КДАМ

Март 13, 2015 09:59

 
Душанбе, 13.03.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишвар санги асоси бинои Академияи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди 5 гектар бунёд мешавад, гузошта шуд. 
Дар ин мавзеъ дар баробари бинои маъмурии Академия, ки аз 11 ошёна иборат хоҳад буд, ҳамчунин  Маркази фарҳангӣ барои 500 ҷойи нишаст, иборат аз 7 ошёна, Маркази варзишӣ барои 750 ҷойи нишаст бо ҳавзи шиноварӣ, бинои таълимӣ барои 1000 ҷойи нишаст, бинои хобгоҳ иборат аз 7 ошёна ва дигар иншооти маишиву зарурӣ бунёд мегардад.
Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулин доир ба сифати сохтмон ва корҳои иҷрошаванда дастурҳои мушаххас ва ҳидоятҳои муфид дод.  
 
 

Март 13, 2015 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид