Чемпионати ҶТ оид ба гӯштини юнонию римӣ
Душанбе,17.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дирӯз дар Мактаби маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин чемпионати ҶТ оид ба гӯштини юнонию римӣ оғоз гардид. Дар мусобиқа зиёда аз 100 варзишгар аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои дарёфти зинаҳои ифтихорӣ талош доранд. Рақобатҳо аз рӯи 8 вазн ҷараён гирифта, дастпарварони клубҳои варзишии ҷумҳурӣ барои мағлуб намудани рақибон ва дастболо гаштан дар вазни худ аз субҳ ба қуваозмоӣ шурӯъ намуданд. Ба гуфти мураббиён гӯштини юнонию римӣ, ки шомили бозиҳои тобистонаи олимпӣ мебошад, дар Тоҷикистон рӯз то рӯз инкишоф меёбад ва он барои дарёфти ҷавонони лаёқатманд мусоидат метавонад. Барои кашф ва тарбия намудани гӯштингирони дорои истеъдод ва маҳорати баланд мураббиёни намуди гӯштини юнонию римии мактаби маҳорати олии варзишӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдор як силсила мусобиқаҳоро дар соли равон ташкил намуданд, ки он барои баланд бардоштани маҳорат ва таҷрибаи дастпарваронашон мусоидат мекунад.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






