Дар Кӯлоб нашъаҷаллоби Афғонистон дастгир шуд

Март 27, 2015 11:08

Душанбе, 27.03.2015. (АМИТ «Ховар»,  Муқаддас  Темурзода).- Чанде  пеш  кормандони Раёсати Агентии назорати  маводи  нашъаовари   назди Президенти  ҶТ  дар  вилояти  Хатлон  шаҳрванди  30  — солаи Афғонистонро  дастгир карда,  аз  номбурда  40 килограмм  тарёк ва 1  килограмм  героинро  мусодира  намуданд. 
Назар  ба  иттилои  Агентии назорати  маводи  нашъаовари   ҶТ,  маводи  мухаддир аз  манзиле  пайдо гардид, ки  шахси  дастгиршуда  онро  дар  шаҳри  Кӯлоб  иҷора  гирифтааст. 
Тафтишоти  пешакӣ  нишон  дод, ки  шаҳрванди  Афғонистон  маводи  мухаддирро  дар  ҳудуди  Тоҷикистон ба  фурӯш бароварданӣ  будааст.  Номбурда  маблағи  аз  фурӯши  маводи  мухаддир ба дастовардаро  ба суратҳисоби электронии соҳиби аслии «бор» дар Афғонистон  интиқол доданӣ  будааст. 
Кормандони Агентии назорати  маводи  нашъаовар шахсияти   шаҳрванди  ба  Тоҷикистон  маводи  мухаддир  фиристодаи Афғонистонро  муайян  намуда,  дар  ҳоли  ҳозир   барои  дастгир  кардани вай  якҷоя  бо Вазорати  корҳои дохилии  Афғонистон  чораҳои  зарурӣ  дида  мешаванд.
Аз  рӯи  ин қазия  мувофиқи  моддаи  200 қисми 4  Кодекси  ҷиноии ҶТ «Гардиши  ғайриқонунии  маводи  мухаддир ё  моддаҳои фалаҷкунандаи  асаб  бо  мақсади  фурӯши ҳаҷми калони он» парвандаи  ҷиноӣ кушода шудааст.

Март 27, 2015 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид