«Дар партави Паём»-маҷмӯаи нави факултети журналистика

Март 20, 2015 16:04

   Душанбе, 20.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Манижа Баҳромзода).- Факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷмӯи  мақолаҳои устодону  аспирантон ва донишҷӯёни факултетро таҳти унвони «Дар партави Паём» дар арафаи ҷашни Наврӯз   ба табъ  расонид. Дар маҷмӯаи мазкур мақолаҳое фароҳам оварда шудаанд, ки дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015)  таълиф гардидаанд.
        Маҷмӯи мақолаҳои «Дар партави паём» аз 96 саҳифа иборат буда, 22 мақоларо дар бар мегирад. Дар маҷмӯаи  мазкур масъалаҳои муҳими Паёми имсолаи Президенти кишвар  ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гаштаанд. «Масоили ҷаҳони ҳассоси  муосир дар Паём» (Ҳайдаров Ф., Қутбиддинов Б.), «Маориф ва тарбия дар партави Паём» (Раҳмонова Ҷ), «Мутолиа-ангезаи фарҳангпазирии ҷавонон» (Муродов М), «Саршори идеяҳои бунёдкорона» (Гулов С), «Раҳнамои имрӯзу фардои ҷомеа» (Мирзоалӣ С), «Дар партави сиёсати созанда» (Усмонова Н), «Муҳимияти арзишҳои  ахлоқӣ миллӣ дар шароити пуртазоди замони муосир» (Раҳимҷонов Х), «Нақшроҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2015» (Ризоӣ М)  аз ҷумлаи мақолаҳое мебошанд, ки дар маҷмӯаи мақолаҳои «Дар партави Паём» нашр шудаанд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Март 20, 2015 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд