Даъвати ПСС ҶТ дар бораи ҳамкорӣ

Март 16, 2015 13:10

Душанбе, 16.03.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих).-  13  март муовини раиси  Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ  Манзура  Рустамова  дар  шаҳри  Душанбе бо  сафири  Ветнам  дар  Тоҷикистон Фам  Ван Фао мулоқот  анҷом  дод. 
Тавре  ки  аз Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ хабар доданд, ҷонибҳо  дурнамои ҳамкории тиҷоратию  иқтисодиро мавриди  муҳокима  қарор  доданд. Дар  ҷараёни  мулоқот  ба роҳандозии  муколамаи  судманди  соҳибкорон  бо  василаи  ташкили  марказҳои  муштарак, доир  намудани  конфронсҳо ва намоишгоҳу  ярмаркаҳо таваҷҷӯҳи  хоса  зоҳир  гардид. 
Манзура  Рустамова  иброз  дошт, ки  муроҷиатномаи раиси  ПСС ҶТ  Ш.Саид  дар  бораи  ҳамкорӣ  ба Палатаи  савдо  ва  саноати Ветнам ирсол  мегардад. 
Фам Ван Фао  дар навбати  худ  зикр намуд, ки барқарор  намудани  равобити  устувори  соҳибкорону тоҷирони  ҳар  ду  кишвар барои  рушду  таҳкими  муносибатҳои  боварибахш аҳамияти  бориз  дорад. Пешниҳод  шуд, ки  аҳли  тиҷорат ба густариши  равобити дуҷонибаи  тиҷоратию  иқтисодӣ  фаъолона ҷалб  карда шаванд. Сафир  ҳамчунин  зикр намуд, ки  Ветнам ҷонибдори  рушду  таҳким  бахшидани  ҳамкорӣ бо  Тоҷикистон  дар соҳаи  кишоварзӣ, аз ҷумла  дар  бахши  кирмакпарварӣ ва моҳидорӣ мебошад. 

Март 16, 2015 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд