Дидори раиси Маҷлиси миллӣ бо сенаторони Фаронса

Март 2, 2015 12:17

       Душанбе, 02.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар Душанбе мулоқоти раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати нозирони байналмилалӣ аз Сенати Фаронса таҳти роҳбарии  Президенти ҳайати Ассамблеяи миллии Фаронса дар Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Тиери Марианӣ баргузор гардид.
 
   М. Убайдуллоев афзуд, ки  сафари ҳайати мазкур ба Тоҷикистон   дар рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ дар доираи Ёддошти тафоҳуми миёни гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Фаронса самараи нек хоҳад дод.
  Таъкид гардид, ки сенаторон аз ваколатҳои ба зиммадоштаашон ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, гуманитарӣ ва густариши муносибатҳои байнипарлумонӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Сенати  Фаронса тадбирҳои судмандро анҷом хоҳанд дод. 
 
 

Март 2, 2015 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд