Эҳсонкории ДМИТ дар Наврӯз

Март 20, 2015 10:48

Душанбе, 20.03.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ҳамасола бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо ба ятимону бепарасторон расонидани кумак ба ҳукми анъана даромадааст. 
Вобаста ба ин Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоиашон  суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ як адад телевизори плазмавӣ, як адад принтер, инчунин маводи ғизоӣ ба маблағи қариб 7 ҳазор сомонӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, макарон, шакар, картошка, пиёзу сабзӣ расониданд.
Аз раёсати донишкада Саймаҳмуд Қаландаров, муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагӣ ва Хуршед Насриддинов, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба хайрияи мазкурро ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа, ки ба лутфу навозиш эҳтиёҷ доранд, супориданд. Роҳбарияти мактаб-интернат барои дастгирӣ изҳори сипос намуданд. 
Инчунин ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб аз тарафи донишкада дар ҳаҷми 7 ҳазор сомонӣ ва аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 17 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шуд.
 

Март 20, 2015 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид