Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон»
Душанбе,31.03.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон аз шаклҳои муҷтамеи тарғиби адабиёт маҳсуб ёфта, дар солҳои шӯравӣ ба як қолаби муайян даромад. Дар солҳои бистуми асри ХХ бо номҳои «Рӯзҳои китоб», «Ҳафтаи китобҳо», «Музоядаи китобхона» маълум буданд ин анъанаи нек бо ташаббуси шоири маҳбуби кӯдакону наврасон Наримон Бақозода, бо дастгирии молиявии Ассотсиатсияи кормандони китобхонаҳои бачагона ва мактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Фестивали китоб ва мусиқӣ» эҳё гардида, баъдтар бо ибтикори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар тасдиқ гардидааст. Ҳамасола таҳти унвони Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» аз 2 то 9 апрел Рӯзҳои байналмилалии китоби кӯдакон дар миқёси ҷумҳурӣ баргузор мегардад.
Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсади асосии чорабинии мазкур- ин тарғиб ва оммавигардонии хониш дар байни кӯдакону наврасон, ҷалб намудани таваҷҷуҳи насли наврас ба китобу хониш, ба китобхона ҳамчун маркази иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ташаккули одат ва малакаҳои хониш ва дар ин замина мусоидат намудан ба такомули фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон мебошад.
Вазифаи фестивал арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, зебописандӣ, худшиносӣ, ифтихор аз Тоҷикистон, тарбияи ҳисси эҳтиром нисбат ба дастовардҳои замони истиқлол, муқаддасоти миллӣ, омодагӣ ба ҳифзи марзу буми Ватани азиз — Тоҷикистон мебошад.
Дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки китобдорони варзида, олимону адибон, намояндагони раёсат, шуъбаҳои фарҳангу маориф, воситаҳои ахбори омма кумитаҳои тадорукот ва ситодҳои корӣ созмон дода мешаванд.
Ҷамъбасти Фестивал 9 апрел дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, воқеъ дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 36 баргузор мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






