«Гирдбод»-драмае аз ҳаёти Садриддин Айнӣ
Душанбе, 30.03.15. (АМИТ ”Ховар”, Манижа Баҳромзода)-Бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон-устод Садриддин Айнӣ ва рӯзи байналмилалии театр дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов драмаи «Гирдбод»-и Нур Табаров дар таҳияи Шавкат Халилов ба намоиш гузошта шуд. Драмаи мазкур аз ҳаёт ва муборизаи Садриддин Айнӣ баҳри пойдории забони тоҷикӣ ва мақому манзалат пайдо кардани халқи тоҷик нақл намуда, лаҳзаҳои муҳим ва ҷоннисории ин қаҳрамони тоҷикро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ пешкаши тамошобинон гардонид.
«Ҳадафи гурӯҳи эҷодӣ, пеш аз ҳама кушодани симои Айнист, ки ӯ барои фарҳанг, маънавиёт, таърих, миллат ва забони тоҷикӣ чӣ гуна хизмат кардааст»,-иброз дошт Шавкат Халилов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон 27 марти соли равон зимни ин намоиш. Номбурда гуфт, сабаби чунин номгузории драма -ин нишон додани мубориза ва талошҳои Садриддин Айнӣ баҳри забону миллат ва фарҳанги халқи тоҷик мебошад. Қарор аст пас аз анҷоми драма бо ҷалби устодону донишҷӯёни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар нимаи аввали моҳи апрел конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Симои Устод Садриддин Айнӣ дар саҳнаи тоҷик» доир гардад.
«Ба воситаи ин конфронс мо мехоҳем аз байни донишҷӯён мутахассисонеро омода кунем, ки дар риштаи журналистикаи соҳаи санъат, фарҳанг, театр, мақола ё гузориши худро пешниҳод карда тавонанд»,-афзуд Зиёбой Тошев-муовини директори Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов.
Донишҷӯёни ДДОТ аз тамошои драмаи «Гирдбод»-таассуроти зиёд бардошта, оид ба саҳми беназири устод Айнӣ ҷиҳати мавқеи устувор пайдо кардани забон ва миллати тоҷик маълумоти пурра гирифтанд. Аз ҷумла, Давлатмоҳ Абдуллоева-донишҷӯи курси 1-и ДДОТ иброз дошт, ки Садриддин Айнӣ тавассути асари безаволи худ «Намунаи адабиёти тоҷик» аз даврони Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ то замони Абдурауфи Фитрат осори гаронбаҳо ҷамъ намуда, исбот сохт, ки тоҷик ҳамчун як миллати дорои таърихи бою ғанӣ ҳанӯз аз асри Х вуҷуд доштааст.
«Бигзор чунин намоишҳои таърихӣ аз ҷониби театрҳо бештар пешниҳод гарданд, то насли ҷавон аз таърих ва гузаштаи худ бохабар гардад»,-мегӯяд Давлатмоҳ Абдуллоева.
Ёдовар мешавем, ки драмаи «Гирдбод» ба 75-умин солгарди устод Садриддин Айнӣ бахшида шудааст, ки 30-юми март, инчунин 3-юм ва 4-уми апрели соли равон дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба намоиш гузошта мешавад.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






