Гуфтугӯи директори АНМН бо миссияи арзёбикунандаи INL

Март 31, 2015 13:21

Душанбе, 31.03.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас  Темурзода).- 30  март  директори Агентии  назорати маводи   нашъаовари  назди Президенти  ЧТ  Рустам  Назарзода  дар  шаҳри  Душанбе бо  миссияи  арзёбикунандаи  Дафтари  назорати  маводи  мухаддир  ва  ҳифзи ҳуқуқи Департаменти  давлатии  ИМА бо  роҳбарии  Чарлз Ҷакоз, ки  барои арзёбии  мустақили лоиҳаҳо  ба  ҷумҳурӣ  омадааст, мулоқот  намуд. 
Назар  ба  иттилои Агентии  назорати маводи   нашъаовари ҶТ,  дар  ҷараёни  мулоқот  масоили самарабахшии ҳамкории  сохторҳои  зидди  маводи  мухаддири Тоҷикистон  бо намояндагони  ИМА мариди  муҳокима  қарор гирифт.
Рустам  Назарзода меҳмононро  бо  ибтикороти  Ҳукумати  Тоҷикистон  дар  мубориза бо  маводи  мухаддир  шинос карда,  зикр  намуд, ки ҳукумати  ҷумҳурӣ бо  ҳукумати  ИМА  17  созишномаи  байниҳукуматиро  имзо намуда, «Стратегияи  миллии  мубориза бо  гардиши ғайриқонунии маводи  мухаддир  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои  солҳои  2013 — 2020»  дар  амал татбиқ  карда  мешавад.
Дар  ҷараёни  суҳбат ҳамчунин  масъалаҳои  хамкории  дуҷонибаи  Агентии  назорати маводи   нашъаовари ҶТ бо Вазорати  корҳои дохилии  Афғонистон дар мубориза бо   гардиши ғайриқонунии  маводи  мухаддир  муҳокима  шуданд.
Роҳбари  Агентӣ  зикр намуд, ки  бо хадамоти  зидди  маводи  мухаддири  Русия,  Чин,  Ҷумҳурии  Исломии  Эрон,  кишварҳои  минтақаи  Осиёи  Марказӣ, Иттиҳоди  Аврупо, ҳамчунин  созмонҳои байналмилалӣ  аз  қабили Раёсати оид ба  маводи  мухаддир  ва  ҷинояткории  СММ, САҲА  дар  мубориза бо   гардиши  ғайриқонунии  маводи  мухаддир ҳамкории  судманд  роҳандозӣ  шудааст.  

Март 31, 2015 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд