Густариши муносибот миёни Тоҷикистону Салтанати Уммон

Март 11, 2015 10:23

 
Душанбе, 11.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — «Бароям мояи ифтихор аст, ки имрӯз ҳамчун Сафири Фавқулода ва Мухтори Салтанати Уммон эътимодномаи худро ба Президенти Тоҷикистон супоридам. Пеш аз ҳама мехостам зикр намоям, ки муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Салтанати Уммон рӯ ба рушд доранд»,-гуфт ба хабарнигорон 10-уми марти соли ҷорӣ пас аз анҷоми супоридани эътимоднома сафири нави Салтанати Уммон дар Тоҷикистон  Саид ибн Аҳмад ибн Холид Ал-Барованӣ. 
Ӯ зикр дошт, ки ба ҳайси сафири Салтанати Уммон кӯшиш менамояд, ки иқтидорҳои мавҷудаи ҳамкориҳоро самаранок ба манфиати ҳарду давлат истифода ва татбиқ намояд.
Сафири навтаъйин иброз намуд, ки муносиботи Салтанати Уммон бо Тоҷикистон тамоюли рушд дошта, минбаъд низ дар бахшҳои гуногун густариш хоҳанд ёфт.
«Мо барои густариш ва равнақи минбаъдаи муносибатҳои ҳасана ва ҳамкориҳои созанда байни ду кишвар умедвор ҳастем. Ба назари ман барои тақвият ва таъмини рушди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Салтанати Уммон имкониятҳои бузург ва иқтидори фарох мавҷуд аст.  Дар оянда умед дорем, ки созишнома ва тавоқуфномаҳои байни ҳарду кишвар ба имзо хоҳанд расид»,-илова намуд сафири навтаъйин. 
Дар ниҳоят барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Салтанати Уммону Точикистон муваффақият орзу намуд.
 
 

Март 11, 2015 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад