Хайрандеш- ғолиби озмуни «Қандпаҳлў» дар Эрон

Март 26, 2015 11:52

Душанбе, 26.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- Ҳайати адибони  Тоҷикистон, ки номи «Ҳамешабаҳор»- ро дошт, дар арафаи Наврўзи оламафрўз дар озмуни телевизионии «Қандпаҳлў»-и  шабакаи омўзиши телевизиони кишвари Эрон иштирок кард, ба Ватан баргашт.
Озмуни мазкур дар мавзўи шеъри танз миёни адибони се кишвар  — Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон баргузор гардид.  Ба ҳайати адибони  Тоҷикистон се нафар- Хайрандеш, Шоираи Раҳимҷон, Абдулҳамид Нозимӣ ва адибаи навқалам Марҷонаи Рамазон шомил буданд.
Озмун дар ҳар гурӯҳи чаҳорнафара  чаҳор маротиба баргузор гардид, ки ҳар маротиб 7-8 мавзўъро дар бар мегирифт. Ҳозирҷавобӣ, лутфи баланд, танзу зарофат меъёри асосии баҳодиҳии доварон маҳсуб меёфт, ки Хайрандеш ва Шоираи Раҳимҷон дар ҳар маҳфили навбатии озмун маҳорату қобилияти баланд нишон дода, аз рақибони худ кам намеомаданд. Муассис ва барандаи озмуни телевизионии «Қандпаҳлў» устод Ризо Рафеъ ба гурўҳи «Ҳамешабаҳор» баҳои баланд дод.
Дар марҳалаи ниҳоӣ байни Хайрандеш (аз Тоҷикистон), Ҷаводи Нурӣ (аз Ҳамадони Эрон) ва шоир  Ҳамид Мубошир (аз Афғонистон) рақобати шавқовар баргузор гардид.
Доварон ба қароре омаданд, ки ин се адиб, ки аз се кишвари  ҳамзабон баъди гузаштани чандин марҳила ба финал баромадаанд, ғолиби ин озмун эълон гарданд.
 

Март 26, 2015 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд