Хуҷанд: Омодагиҳо ба Наврӯзи ҷумҳурӣ дар сатҳи заруриянд
Хуҷанд,19.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд ба қабули меҳмонон ва таҷлили ҷашни Наврӯз омодааст. Имрӯзҳо бинову хиёбонҳо ва маҳаллаҳои шаҳр намуди идона доранд.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” муовини раиси шаҳри Хуҷанд Мирзомуқим Очилзода иттилоъ дод, омодагӣ ба таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷумҳуриявӣ дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, то имрӯз дар ин самт корҳои муайяне ба анҷом расонида шудаанд.
Аз ҷумла, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо ҳамдастии ташкилоту идораҳои марбутаи шаҳри Хуҷанд яке аз иншоотҳои ҷашнӣ- Боғи фарҳангиву фароғатӣ (алъон таърихиву фарҳангӣ)-и ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки 21 март бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуда, дар он чорабиниҳои аслиии Наврӯзи ҷумҳуриявӣ доир мегарданд, пас аз таҷдиду навсозӣ тарҳу намуди навро ба худ касб кардааст. Инчунин дар раванди навсозии боғи мазкур дар атрофи он 3 ҳазор гули ороиши вва 500 бех дарахти сояафкан шинонида шуда, тамоми симчӯбу чароғакҳои ин мавзеъ бо тарҳу намуди муосир насб шудаанд.
Ба гуфти манбаъ, ҳамзамон бо дастуру супориши раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз даромадгоҳи асосии шаҳр то гардиши бинои таълимии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва қисми хиёбони Айнии соҳили рости шаҳр чароғонкунии симчӯбҳо ва тарзи гулзоркунии роҳи мазкур бо тарзу усули нав ба роҳ монда шуда, дар ин самт сутунпояҳои зебо ва фурӯзонакҳои «светодиодӣ» насб шуда, дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр 100 нишастгоҳи муосир, 100 дона гулмонаки замонавии гуногунсохт бо тубакҳои гулҳои лола ва ороишӣ насб шудааст.
Ғайр аз ин, ду шафати роҳи кӯпруки асосии хиёбони Исмоили Сомонӣ низ навсозӣ гардида, дар ин мавзеъ наздик ба 100 бех ниҳоли “Ардач” шинонида шуда, атрофи он бо панҷараҳои намуди нав печонида шудааст. Дар умум то кунун дар миқёси шаҳр бо иштирок ва кӯмаки тамоми сокинон, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо 1 млн. дона гулҳои лолаву садбаргу ороиши ва зиёда аз 100 ҳазор бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва мевадор шинонида шуда, аз ҷумла 3 км роҳҳои шаҳр, чун хиёбони С.Айнӣ ва гузаргоҳи Мавлонбеков мумфарш шуданд.
Ҳамзамон дар ин замина роҳравҳои мавзеи «Ситораҳои Хуҷанд», «Лавҳаи фахрӣ», “Қасри ҷавонон” “Чойхонаи навбунёди адибон”, мағозаи махсуси фурӯши гулу растаниҳои ороишӣ ва гулзоркунии он низ пурра навсозӣ шуда, роҳравҳо бо сафолакҳои зебову хушнамуд пӯшонида шуда, ин мавзеъ имрӯз намуди навро ба худ касб кардааст. Инчунин дар мавзеи “Лавҳаи фахрӣ” як фаввораи замонавӣ сохта шуда, боқимонда 21 фаввораи шаҳр низ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд, ки имрӯзҳо ҳамаи он ба зебогии шаҳр ҳусни тоза зам мекунад.
Инчунин дар самти қабули меҳмонон низ корҳои мушаххас ба анҷом расонида шудаанд, — илова намуд манбаъ.








РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!






