Хуҷанд: Озмунҳо ба истиқболи Наврӯзи ҷаҳонӣ

Март 19, 2015 14:25

Душанбе,19.03.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба иди Наврӯз як зумра озмунҳо байни донишҷӯёни курсҳои якум, дуюм, чорум ва кафедраҳои он бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Озмунҳо аз рӯйи шартҳои “Хушнависи беҳтарин”, “Иншои беҳтарин”, “Газетаи девории беҳтарин, “Синфхонаи беҳтарин” гузаронида шуданд.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст,  қобили зикр аст, ки донишҷӯён дар ороиши синфхонаҳо тамоми маҳорати худро ба харҷ дода, барои фароҳам овардани  муҳити наврӯзӣ саъю кӯшиши зиёд намуданд. Чуноне ки ба мушоҳида расид, ҳамаи устодони кафедраҳои факултет барои гузаронидани озмунҳои наврӯзӣ фаъолона иштирок карданд.
Хусусан ҷамъ ва ба маърази тамошо гузоштани маҳсули эҷоди ҳунармандони миллати тоҷик ба ҳамагон писанд омад.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилал се сол инҷониб дар факултети забонҳои хориҷии донишгоҳ чунин озмунҳо гузаронида мешаванд.
 

Март 19, 2015 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд