Интиқоли ҷасади қурбониёни фоҷиаи Қазон ба ватан
Душанбе, 13.03.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандон ва наздикони нафароне, ки дар натиҷаи сўхтор дар маркази савдои «Адмирал» дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия ҳалок шудаанд, тасаллият баён менамояд.
Хотиррасон мекунем, ки дар натиҷаи фоҷиае, ки 11 марти соли ҷорӣ дар Қазон рух дод, аз ҷумла миёни ҳалокшудагон ҷасади шаш нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пайдо гардид, ки онҳо Тураев Қосимҷон Аъзамхонович, соли таваллудаш 1971 ва Ҳикматуллои Ҳайтуллохон, соли таваллудаш 1992, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, Риёев Эмомалӣ Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1984 ва Давронов Алишер Азизович, соли таваллудаш 1996, сокинони ноҳияи Ёвон мебошанд.
Инчунин рўзи 12 март ҷасади боз ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар натиҷаи ин фоҷиа ҳалок гаштаанд- Ҳомидов Шокир Ҳокимович ва фурӯшандаи маҳсулоти атриёт Суҳроб, ки шахсияташ дар айни замон муайян шуда истодааст, дарёфт гардид.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷирати вазорат, Намояндагии вазорат дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия барои интиқоли ҷасадҳо ба Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Рӯзҳои наздик ҷасадҳои қурбониёни ин фоҷиа ба ватан оварда мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






