Интихобкунандагони 18-сола фаъоланд

Март 1, 2015 11:45

Душанбе, 01.03.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Субҳи имрӯз аз соати 6-00 дар участкаи интихоботии рақами 33, воқеъ дар ноҳияи И.Сомонии ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ, рақами 2 -и пойтахт интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо оғоз гардид. 
Дар участкаи номбурда 2 ҳазору 486 нафар ба қайд гирифта шудааст. То соати 10-40 дақиқа 945 нафар ё худ 38 фоизи  интихобкунандагон дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок намуданд.   
Тавре ки раиси участкаи интихоботии рақами 33 Гулнора Раҳимова хабар дод, дар участкаи мазкур 35 нафар интихобкунандаи 18- сола, ки бори нахуст дар интихобот иштирок мекунад, ба қайд гирифта шудааст.
«Мо ба ҳар як интихобкунандаи 18- сола гул тақдим карда истодаем ва то ин дам гулҳои мо қариб тамом шудаанд,-мегӯяд Гулнора Раҳимова.- Ин шаҳодат аз он медиҳад ки қисми зиёди интихобкунандагони 18- сола аллакай дар интихоботи имрӯза иштирок намуданд».
Дар участкаи интихоботии рақами 33, воқеъ дар ноҳияи И.Сомонии ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ, рақами 2- 1 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 7 нафар бемор ба қайд гирифта шудааст, ки пас аз  соати 12 -00 шахсони масъул ба хонаҳои онҳо бо қуттиҳои сайёр рафта, овозҳои онҳоро ҷамъоварӣ хоҳанд намуд. Барои ин аз тарафи корхонаи «ТоҷикСемент» се адад мошин ҷудо шудааст. 
«Дар участкаи мо нозирон аз ҲХДТ, ҲНИТ ва ҲКТ иштирок доранд»,-илова намуд мусоҳиб. 
 
 

Март 1, 2015 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид