Интихобот дар Ҳисор бидуни намояндаи ҲХДТ ваҲСДТ

Март 1, 2015 10:53

          Душанбе, 1.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Субҳи имрӯз кӯчаю ҷодаҳои Ҳисор шукӯҳи идона дошт. Садои карнаю сурнай дар пайи расонидани муждаи баҳор инчунин мардумро ба интихоботи парлумонӣ, ки фардои дурахшони миллату сарзамин ва суботу амнияти кишвар аз он сарчашма мегиранд, даъват мекард.
         Шурӯъ аз соати 6:00 дар  79 қитъаҳои раъйдиҳии ҳавзаи интихоботии якмандатаи Ҳисор №7 овоздиҳӣ шурӯъ гардид, гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Илҳомиддин Буриев -раиси Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Ҳисор  №7. Мавсуф афзуд, ки то соати 8:00 16,5 % -и интихобкунандагон дар интихобот ширкат варзида, ба  номзади арзандаи худ раъй доданд.
      Илҳомиддин Буриев зикр кард, ки дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи  Ҳисор  120 ҳазору 528 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, аз он 3 ҳазору 143 нафар бори нахуст дар интихобот иштирок менамояд. Инчунин 7 ҳазору 791 нафар интихобкунандаг ҳавзаи мазкур дар хориҷи кишвар қарор дорад.
     Бояд тазаккур дод, ки дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Ҳисор се номзад  Субҳон Сатторов, намояндаи Ҳизби аграрӣ, Абдунабӣ Бердиев, намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Шарофиддин Сироҷов аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо ҳам рақобат менамоянд.
      Илҳомидин Буриев афзуд, ки ду номзади дигар намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Абдуҳалим Самадов ва намояндаи Ҳизби сотсиал -демократи Тоҷикистон  Маҳмурод Одинаев /худпешбар/ номзадиашонро бозпас гирифта буданд. 
     Мавриди зикр аст, ки  ҷараёни баргузории интихоботи парлумониро  дар қитъаҳои овоздиҳии ҳавзаи интихоботии якмандатаи Ҳисор нозирони байналмилалӣ  аз Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мушоҳида намуданд.     
 
 

Март 1, 2015 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид