«Истиқлол» бар «Хайр» пирӯз шуд
Душанбе, 16.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар бозии ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дирӯз дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар ба поён расид, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дастаи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдатро шикаст дод.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, ба ин тартиб «Истиқлол” барои бори дувум паиҳам Ҷоми ФФТ-ро ба даст овард. Дарвоқеъ, ин дувумин ҷоизаест, ки қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон дар мавсими имсола соҳиб шудааст.
Ёдовар мешавем, ки «Истиқлол” моҳи феврали соли равон дар мусобиқа оид ба футбол барои Ҷоми осоишгоҳи «Баҳористон» дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ғолиб шуд.
Гуфта мешавад, ки маблағи ҷоизаи мусобиқаи имсола 45 ҳазор сомониро ташкил медод. Дастаи ғолиб — «Истиқлол» — бо Ҷоми ФФТ, медалҳои тилло ва ҷоизапулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ сарфароз гардид. Ба дастаи «Хайр”, ки ҷойи дуввумро гирифт, медалҳои нуқра ва ҷоизапулӣ ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи ССКА «Помир”, ки ҷойи севумро соҳиб гашт, медалҳои биринҷӣ, инчунин 10 ҳазор сомонӣ супурда шуд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






