«Кӯлоб — пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2015»
Душанбе,20.03.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ 25- уми марти соли равон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон маросими ифтитоҳи чорабиниҳои тантанавӣ ба ифтихори «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳри Кӯлоб дар соли 2015» баргузор мегардад.
Ба ин муносибат меҳмонон дар ҳайати Коныбек Жусупбеков, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Михаил Швыдкой, ҳамраиси Раёсати бунёди байнидавлатии гуманитарии ИДМ Анатолий Иксанов, директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии гуманитарии ИДМ Александр Гусев, сарвари маъмурияти округи шаҳри Воронеж, Савицкая П., муовини сарвари маъмурияти округи шаҳри Воронеж, О.Н. Извекова, сардори Раёсати иттилооти маъмурияти шаҳри Воронеж ва дастаи ҳунарии «Хори давлатии академии халқии русӣ ба номи К. И. Массалитинови шаҳри Воронеж» 23 март ба шаҳри Кӯлоб меоянд.
Рӯзи 24 март ҳайати расмии меҳмонон бо роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб мулоқот анҷом медиҳанд.
Субҳи 25 март меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, соати 10- 00 дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳри Кӯлоб дар соли 2015 ва консерти идона бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Амфитеатр ширкат меварзанд.
Тибқи барнома пас аз нисфирӯзӣ иштироки меҳмонон дар маросими гузоштани хишти аввали нишони рамзии «Кӯлоб — пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2015», нишасти матбуотӣ ва боздид аз ёдгории таърихии Ҳулбук дар назар аст.
Ёдовар бояд шуд, ки эълони шаҳрҳои Воронежи Федератсияи Русия ва Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пойтахтҳои фарҳангии ИДМ дар соли 2015 дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 10 октябри соли 2014 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус якдилона қабул гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






