Кадом ҳизбҳо вориди Парлумон шуданд?

Март 2, 2015 12:24

Душанбе,  2.03.2015. (АМИТ «Ховар»,  Марзия Саидзода, Бекназари Абӯбакр). — 1 марти соли 2015 дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоботи вакилони Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олӣ ва  маҷлисҳои  маҳаллӣ  баргузор  гардид. 
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён 2 март зимни эълони натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонӣ иттилоъ дод, ки аз  рӯи  маълумоти  пешакӣ дар  ҷараёни  интихобот аз шумораи умумии интихобкунандагон, ки 4 миллиону 319 ҳазору 395 нафаранд, 3 миллиону 791 ҳазору 727 нафар (87,7%) интихобкунандагон иштирок намуда, ба тарафдории  Ҳизби  Аграрии Тоҷикистон 450 ҳазору 275 нафар (11,8%), ба тарафдории  Ҳизби  Демократии  Тоҷикистон 64 ҳазору 547 нафар (1,7%), ба тарафдории  Ҳизби  Ислоҳоти Иқтисодии  Тоҷикистон 288 ҳазору 308 нафар нафар (7,6%), ба тарафдории  Ҳизби  Коммунистии  Тоҷикистон 87 ҳазору 112 нафар (2,3%), ба тарафдории  Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон 58 ҳазору 28 нафар (1,5%), ба тарафдории  Ҳизби Сотсиалистии  Тоҷикистон 210 ҳазору 3128 нафар  (5,5%),  ба тарафдории  Ҳизби  Сотсиал-Демократии  Тоҷикистон 18 ҳазору 875 нафар (0,5%) ва ба тарафдории  Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон 2 миллиону 472 ҳазору 267 (65,2%) овоз  доданд.
Ҳамин тариқ ба Парлумони кишвар намояндагони 4 ҳизби сиёсӣ-Ҳизби Аграрии Тоҷикистон–бо 3 номзад, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон-бо 2 номзад, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон-бо 1 номзад ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-бо 16 номзад аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ соҳиби курсӣ гаштанд. 
Бояд тазаккур дод, ки дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон намояндагони 8 аҳзоби сиёсии кишвар-Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Мувофиқи рӯйхатҳои пешниҳоднамудаи ҳизбҳо дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 103 нафар ва дар 41 ҳавзаи интихоботии якмандатӣ 185 нафар ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла, 79 нафар номзадҳо ба тариқи худпешбарӣ мебошанд.
Ба палатаи поёнии парлумон 41 вакил — аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот ва мувофиқи рӯйхатҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот 22 нафар вакил, ҷамъ 63 нафар интихоб  мешаванд.

Март 2, 2015 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!