Китоби нав дар бораи таърихи сиёсати хориҷии давлат

Март 30, 2015 14:08

 
Душанбе, 30.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- Нашриёти Ҷамъияти масъулияташ  маҳдуди  «Контраст» китоби  наверо таҳти  унвони «Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар саҳнаи равобити  байнидавлатӣ қабл ва баъд  аз эъломи  сиёсати  «дарҳои  боз»» аз  чоп  баровард. 
Китоб иборат  аз  се  бобу ҳашт  қисм буда, яке  аз  қисмҳои он  ба  пайдоиш ва  табиату хусусиятҳои  муносибатҳои  геополитикии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва  Федератсияи  Русия  бахшида шудааст. 
Китоб  на  фақат  барои  аҳли  илму  омӯзгорон, донишҷӯён,  магистру  аспирантҳо,  балки  барои ҳамаи онҳое   пешбинӣ  шудааст, ки ба  масъалаҳои таърихи  сиёсати  хориҷии Тоҷикистони  соҳибихтиёру  мустақил  мароқ зоҳир  менамоянд.
Муаллифи асар  Мушовири  калони  бахши ёрдамчии Президенти  Тоҷикистон  оид ба  масъалаҳои  робитаҳои  хориҷӣ Зафар  Сайидзода  мебошад.

Март 30, 2015 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд