Коршиноси БҶ: «Ташкили Анҷумани баҳогузорони амволи ғайриманқул муҳим аст»
Душанбе, 20.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Масъалаи омӯзиш ва таҳлили таҷрибаи баҳогузорӣ ба амволи ғайриманқул ҳамчун гарав дар мавриди гирифтани қарз дар ҷаласаи омӯзишию машаваратӣ, ки дар Душанбе бо ҳузури намояндагони васоити ахбори омма доир гардид, матраҳ шуд. Чорабинӣ бо ибтикори Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ созмон дода шуда, он дар доираи татбиқи лоиҳаи «ACAFI» гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ амалӣ гардонида мешавад.
Савсан Қаҳҳорова -ҳамоҳангсози лоиҳаи мазкур гуфт, ки ҳадафи ин лоиҳа таҳкими инфрасохтори молиявии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон буда, дар доираи он амалӣ гардонидани барномаи рушди бахши молиявӣ дар минтақа бо роҳи фароҳам овардани низоми самараноки табодули иттилоти қарзӣ, ба роҳ мондани омӯзиши касбӣ ва сертификаткунонӣ дар бахши идораи хавф байни кормандони институтҳои молиявӣ дар назар дошта шудааст.
Татбиқи лоиҳаи мазкур ба ниҳодҳои молиявӣ имкон медиҳад, ки қарорҳои сарею саривақтии қарзиро қабул намуда, бо ҳамин васила дастрасии корхонаҳои хурду миёна ва мизоҷонро ба хизматрасонии молиявӣ баланд бардоранд.
Дар ҷаласаи омӯзишӣ коршиноси Бонки ҷаҳонӣ Ҳомид Мамадҷонов доир ба паҳлуҳои гуногуни омӯзиш ва таҳлили таҷрибаи баҳогузорӣ ба амволи ғайриманқул ҳамчун гарав ҳангоми гирифтани қарз, тақвияти инфрасохтори молиявӣ, роҳҳои баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони ташкилотҳои молиявӣ, рушди иттилооти бозори амволи ғайриманқул дар заминаи ташкили маҷаллаю рӯзномаҳо ва сомонаҳои иттилоотӣ ва дар ин самт омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои пасошӯравӣ, назири Русия ва Қазоқистон табодули назар кард. Коршиноси Бонкӣ ҷаҳонӣ афзуд, ки дар оянда таъсиси Анҷумани баҳогузорони амволи ғайриманқул дар кишварҳои минтақа, бахусус Тоҷикистон имкон медиҳад, ки мушкилоти марбут ба баҳогузорӣ ба амволи ғайриманқул, ки ҳамчун гарав ҳангоми гирифтани қарз ҳам барои ташкилотҳои молиявии қарздиҳанда ва қарзгиранда муҳим аст, нақши муассир гузорад.
Зикр шуд, ки чунин ҷаласаҳои омӯзишӣ инчунин бо кормандони ниҳодҳои молиявии кишвар-Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, бонкҳо, ташкилотҳои баҳогузорӣ ва ширкатҳои лизингӣ гузаронида мешаванд.








РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!






