М. Фарҳодӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои илмӣ шуд

Март 18, 2015 09:33

Душанбе, 18.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Густариши ҳамкориҳои илмӣ ва фановарӣ зимни мулоқоти  Неъматулло Эмомзода — Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон бо доктор Муҳаммади Фарҳодӣ — вазири улуми Эрон дар Теҳрон матраҳ гардид.
Дипломати тоҷик хостори густариши беш аз пеши робитаҳо ва ҳамкориҳои илмию фановарӣ байни ду кишвар шуда, гуфт, ки алҳол 450 донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Эрон таҳсил мекунанд ва пешниҳод мекунам донишҷӯёни мо дар риштаҳое қабул шаванд, ки дар оянда тавонанд дар рушди соҳаҳои мухталифи кишвар саҳми муассир гузоранд. 
Сафир афзуд, ки Тоҷикистон кишвари ҷавон буда, ниёзи бештар ба мутахассисони бахши улуми фановарӣ дорад. 
            Вазири улуми Эрон Муҳаммади Фарҳодӣ таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Эрон дар заминаҳои мухталиф муштаракоти фаровоне доранд ва ҳарчи зудтар миёни ду кишвар дуюмин кумитаи илмии муштарак бо ҳузури намояндагони ду кишвар дар ростои амалӣ кардани моддаҳои тафоҳумномаҳои имзошуда анҷом шавад.
Вазир пешниҳод намуд таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар давраҳои коршиносии аршад ва докторӣ тақвият ёбад ва фурсатҳои мутолиотию таҳқиқотӣ барои устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон дар донишггоҳҳои Эрон фароҳам шавад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки солона 250 нафар аз донишҷӯёни тоҷик метавонанд ба сурати бурсия дар донишгоҳҳои Эрон таҳсил намоянд.

Март 18, 2015 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд