Мардум ба таҳлука наафтед! Бонки миллӣ хушбин аст

Март 13, 2015 14:30

 
Душанбе, 13.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати устувор нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ -сомонӣ ва пешгирӣ кардани он аз тағйирёбӣ дар бозори арз тадбирҳои муассир андешида, дар масъалаи ба эътидол овардани бозори арзи кишвар хушбин аст». Ин матлабро 13 март дар Душанбе зимни баргузории нишасти матбуотии изтирорӣ Ҷамшед Юсуфиён- муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон  ба хабарнигорон гуфт. 
           Мавсуф дар тӯли се ҳафтаи охир якбора тағйир ёфтани қурби асъори миллӣ -сомониро дар иртибот ба доллар ба вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, хусусан таҳримҳои иқтисодии кишварҳои Аврупо нисбат ба Русия ва коҳиш ёфтани интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия рабт дода, гуфт, ки  то соли 2014 пули миллии Тоҷикистон дар қиёс бо асъори миллии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  устувортар буд. Муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон  афзуд, ки дар ин давра пешниҳоди асъор нисбат ба талабот камтар шуда истодааст. Зикр шуд, ки талабот ба доллар дар бозори арз хусусан аз ҷониби тоҷирону соҳибкорон, ки молу маҳсулотро асосан аз хориҷи кишвар бо доллар харидорӣ намуда, ворид месозанд, бештар гардидааст, инчунин ҳафтаҳои охир мардум низ аз баланд гардидани қурби доллар дар қиёс ба сомонӣ ба таҳлука афтода, бештар доллар мехаранд. Аз ин имконияти мусоид  саррофони нуқтаҳои мубодилаи асъор истифода намуда, қурби долларро ба таври сунъӣ боло мебаранд. Барои ҳалли ин масъала Бонки милии Тоҷикистон мудохила мекунад, таъкид кард. Ҷ. Юсуфиён. Муовини раиси Бонки миллии кишвар гуфт, ки ҳар рӯз дар бозори асъори Тоҷикистон  1, 5 то 3 миллион доллар фурӯхта мешавад, инчунин дар як рӯз се маротиба бозори асъор мавриди таҳлил қарор мегирад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар охири ҳар моҳ пешниҳоди фурӯши  асъор зиёд аст. 
         Ҷамшед Юсуфиён гуфт, ки минбаъд қурби долларро дар нуқтаҳои мубодилаи асъор танҳо сохтори марбутаи Бонки миллии Тоҷикистон муайян намуда, инчунин Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои мӯътадил боқӣ мондани қурби доллар дар бозори арз  на тавассути фурӯши доллар ба нуқтаҳои мубодилаи асъор, балки саъй менамояд то ин амалиётро бо бонкҳои тиҷоратии кишвар ба анҷом расонад. Зимни баргузории ҷаласа бо ҳузури роҳбарону намояндагони бонкҳои тиҷоратии кишвар ризоияти ин созмонҳо гирифта шудааст.
   Муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд, ки ҳамаи мо манфиатдор ҳастем, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишварамон, хусусан сатҳи таваррум, қурби асъори миллӣ устувор боқӣ монанд, барои ин рушди низоми иқтисодиро дар кишвар роҳандозӣ намудан ба маврид аст, зеро масъалаи беқурбшавии пули миллӣ дар иртибот ба доллар танҳо ба низоми бонкӣ рабт надорад, дар ин самт омилҳои берунӣ низ таъсир мерасонанд. Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт  1 доллар  ба ивази 6,30 -6,40 сомонӣ фурӯхта мешавад. 

Март 13, 2015 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид