Маркази ҳавосанҷии ҶТ: Баҳор ба мақоми худ расид

Март 16, 2015 13:09

Душанбе, 16.03.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих).-  Имрӯз, 16  март, ҳаво дар  саросари  минтақаҳои  Тоҷикистон  камабр  шуда, ҳарорати он рӯзона 12 — 14  дараҷа гарм  мешавад.
Шабонарӯзи  17 март борони  кӯтоҳмуддат  дар назар буда, ҳаво  шабона 6 — 8 дараҷа ва рӯзона  13 — 15  дараҷа  гарм  мешавад. 
Ба  гуфтаи  мутахассисони Маркази  ҳавосанҷӣ, баҳор  ба  мавқеи  худ   расида, сарфи  назар  аз  боришоти  кӯтоҳмуддат ва  раъду барқ, ҳавои  кишвар  гарм мешавад.
17 март  ҳарорати  ҳаво рӯзона дар  вилояти  Хатлон 13 -15  дараҷа, вилояти Суғд  11 — 13  дараҷа, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14 — 16  дараҷа гарм, дар  ғарби ВМКБ 5 — 7  дараҷа  гарм, дар  шарқи  ВМКБ 3 — 5 дараҷа  сард  ва  дар  шаҳри  Душанбе 13 — 15  дараҷа  гарм  мешавад. 
Дар  ин  бора аз  Маркази  ҳавосанҷии  Тоҷикистон ба  АМИТ «Ховар»  хабар доданд.

Март 16, 2015 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд