Маркази арзёбии амволи назди ПСС ҶТ таъсис меёбад

Март 27, 2015 11:07

Душанбе, 27.03.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих ).- Чанде  пеш  муовини   раиси  ПСС ҶТ  Манзура  Рустамова,  коршиноси   лоиҳаи ACAFI — и  Корпоратсияи  байналмилалии  молиявӣ Ҳамид  Маҳмадҷонов  ва  мушовири  лоиҳа Савсан Қаҳҳорова  масъалаи ташкили Маркази   арзёбии амвол  ва  тарбияи  мутахассисони  мустақили  арзёбии  моликият  дар  назди Палатаи  савдо ва  саноати Тоҷикистонро мавриди  муҳокима  қарор  доданд.
Ба  гуфтаи  Ҳамид  Маҳмадҷонов,  мақсад  аз  лоиҳаи ACAFI  таҳкими соҳаи ёрирасони   молиявӣ  дар Осиёи  Марказӣ  ва  Озарбойҷон  аст.  Лоиҳаи  мазкур ба  муассисаҳои  молиявӣ ёрӣ  мерасонад, ки  дар  бахши қарздиҳӣ  зуд ва дуруст  тасмим  гирифта,  бо  ин  васила  дастрасии  бахши  инфиродӣ  ва  корхонаҳои  хурду  миёнаи  минтақа  ба  хидматрасонии  молиявиро  беҳтар  созанд.
Мувофиқи суханони Манзура  Рустамова, вазифаи  Палатаи  савдо  ва  саноат иборат аз  рушди  иқтисодиёти  Тоҷикистон  аст. «Аксари   палатаҳои  савдо ва саноати  ҷаҳон  ба  арзёбии  тиҷорат, маблағҳо, қоғазҳои  қиматбаҳо  ва  ҳамаи  намуди  амволи манқулу   ғайриманқул, воситаҳои  нақлиётӣ, таҷҳизот  ва  хисора   машғуланд», —  афзуд  муовини раиси ПСС ҶТ.
«Ташкили  Маркази арзёбии  назди ПСС ҶТ ба нафъи  тиҷорати  миллӣ,  аз ҷумла соҳибкории  хурду  миёна  ва дар  ҳошияи он  расонидани кӯмак ба  ҳалли  проблемаҳои  муҳим  дар  амри  ташкили  фаъолияти  арзёбӣ  дар  Тоҷикистон аст», —  гуфт  коршиноси  Корпоратсияи байналмилалии  молиявӣ. 
Мусоҳибон  аз рӯи  натиҷаи  мулоқот тасмим  гирифтанд, ки барои   коршиносони  ПСС ҶТ  тренингу  семинарҳои   дахлдор  доир  карда шаванд.

Март 27, 2015 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид