Меъёри андоз ба ширкатҳои мобилӣ тағйир дода мешавад

Март 12, 2015 11:07

 Душанбе,  12.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Палатаи болоии Парлумони мамлакат-Маҷлиси миллӣ   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуд, ки тибқи он меъёри андоз ба ширкатҳои алоқаи мобилии кишвар тағйир дода мешавад. Ҳадафи ин тадбир баланд будани даромаднокии  ширкатҳои алоқаи мобилӣ арзёбӣ мегардад.  
          Ҳамзамон тибқи тағйиру иловаҳо  ба Кодекси андози Тоҷикистон бинобар сабабе, ки воситаҳои  нақлиёти ҳарбии махсус  ва техникаҳои махсуси ҳарбӣ аз буҷет маблағгузорӣ мегарданд, онҳо  аз пардохти андози воситаҳои нақлиёт озод мешаванд. 
         Инчунин дар асоси тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз аз ҳисоби андозҳои молумулкии  ба соҳибкорӣ  машғулбуда, зиёд кардани  воридоти умумии андозҳои маҳаллии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа пешбинӣ гардидааст. Мақсади пешниҳоди ин тағийрот дар он аст, ки сатҳи даромад аз истифодаи объектҳои ғайриманқулӣ дар ин шаҳрҳо дар қиёс ба дигар минтақаҳои кишвар  бамаротиб зиёд мебошад.
     Бояд тазаккур дод, ки  тибқи тағйирот  муқаррароти амалкунандаи қонун  содда гардонида шуда, Кодекси андози кишвар  барои ғанӣ гардонидани қисми даромади  буҷет шароит  фароҳам меорад.  

Март 12, 2015 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд