Муҳокимаи масъалаи конфронси сатҳи баланд

Март 31, 2015 13:22

Душанбе, 31.03.2015. (АМИТ «Ховар»,  Маҳмадулло  Пириев).- Чанде  пеш  дар  шаҳри  Ню — Йорк ҷаласаи  дуюми Кумитаи  роҳбарикунандаи Конфронси  байналмилалии  сатҳи баланд   аз рӯи  натоиҷи  татбиқи  Даҳсолаи  байналмилалии  фаъолияти «Об барои  ҳаёт»  баргузор гардид. 
Назар  ба  иттилои  сомонаи  расмии Конфронси  байналмилалии   сатҳи баланд,  вазири  корҳои  хориҷии  Тоҷикистон  Сироҷиддин  Аслов дар  оғози  ҷаласа  зимни  суханони табрикотиаш  изҳор  дошт, ки  конфронси пешорӯи  Душанбе  чорабинии  асосие барои  таҳлили  муфассали  раванди татбиқи  Даҳсолаи  байналмилалии «Об барои  ҳаёт»  хоҳад  буд. 
Дар  ҷараёни  мубоҳиса, ки  таҳти роҳбарии  муовини  аввали  вазири энергетика ва  захираҳои оби Ҷумҳурии  Тоҷикистон Султон  Раҳимзода  сурат  гирифт,  аъзои Кумитаи  роҳбарикунандаи  байналмилалӣ,  намояндагони  кишварҳои мушорик, ниҳодҳои  байналмилалию  минтақавӣ,  созмонҳои  ҳавзаҳои об, ҷомеаи шаҳрвандӣ,  бахши  инфиродӣ ва  ҷонибҳои  дигари  манфиатдор перомуни  сохтору  барномаи   конфронс, тарҳрезӣ ва  мутобиқати  ҳуҷҷатҳои  ниҳоӣ ва  масоили  дигари  ташкили  ин  чорабинӣ мубодилаи  афкор  намуданд.
Ёдовар  мешавем, ки  Конфронси  байналмилалии сатҳи  баланд  моҳи  июни  соли  2015  дар  шаҳри  Душанбе баргузор  мегардад.

Март 31, 2015 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд