Муҳокимаи масоили муҳоҷирати меҳнатӣ

Март 16, 2015 13:09

Душанбе, 16.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-  Чанде  пеш  сафири  Тоҷикистон  дар  Қазоқистон  Назирмад Ализода ва вазири  тандурустӣ  ва  рушди  иҷтимоии  Қазоқистон  Тамара  Дуйсенова  самтҳои  ҳамкорӣ  дар  бахши  тандурустӣ ва муҳоҷирати  меҳнатиро  мавриди  муҳокима  қарор  доданд.  
Тавре  ки Вазорати  корҳои  хориҷии  ҶТ хабар  медиҳад, дар  ҷараёни  мулоқот  дар  мавриди  табодули  таҷрибаи  байни  мутахассисон,  тарҳрезии  маҷмӯи  чорабиниҳои  муштарак перомуни масоили  беҳдошти  тансиҳатии  модару  фарзанд,  мубодилаи  иттилоот  аз рӯи  бемориҳои  хавфноки  сирояткунанда,  танзими  муштараки  чорабиниҳо ҳангоми  сар  задани ҳолатҳои  фавқулодда, ки  дар  натиҷаи онҳо зарурати  рсонидани ёрии тиббӣ  ва роҳандозии  тадбирҳои  санитарию  эпидемиологӣ   ба  миён  меояд, ҳусни тафоҳум  ба даст омад.
Тамара  Дуйсенова  зикр  намуд, ки дар  Ҷумҳурии  Қазоқистон  қонуни  амалкунандае арзи  вуҷуд  дорад, ки  масоили ҷалби коргарони  хориҷӣ, аз ҷумла  ҷалби  кормандони  мавсимии  хориҷӣ ба  кишварро  танзим  менамояд.
Дар  ҷараёни  мулоқот  ҳамчунин масоили  такмили қонунгузорӣ  нисбат ба  муҳоҷирони  меҳнатӣ ва  шаҳрвандони Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки  дар  ҳудуди  Ҷумҳурии  Қазоқистон  муваққатан  кор  мекунанд, муҳокима  шуданд.

Март 16, 2015 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд