Муаррифии лоиҳаҳои беҳтарини иншооти Тоҷикистон

Март 19, 2015 14:08

 
        Душанбе, 19.03.2015 (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).-Бо  ташаббуси  Кумитаи меъморӣ  ва  сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрӯз  дар боғи «800-солагии Маскав» намоишгоҳи  лоиҳаҳои беҳтарини бино ва иншоотҳои кишвар баргузор гардид, ки дар он намояндагони кумитаи мазкур, меъморон, муҳандисон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  ба номи Муҳаммад Осимӣ иштирок доштанд. Ҳадафи асосии намоишгоҳро масъулин дар  муаррифӣ  намудани  меъморони  ҷавони болаёқат ва лоиҳаҳое, ки  дар он ҷо унсурҳои миллӣ ба инобат гирифта шудаанд, ном бурданд: «Намоиши чунин лоиҳаҳо бояд ҷавонони лоиҳакашро водор созад, то рӯ ба санъати миллии муосири тоҷик  ниҳанд»,-иброз дошт  Мирзо Султонзода-муовини аввали раиси Кумитаи меъморӣ  ва  сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 19 март зимни намоиши лоиҳаҳои беҳтарини бино ва иншоотҳои кишвар. 
       Ба гуфтаи  Мирзо  Султонзода  дар намоишгоҳи лоиҳаҳои беҳтарини бино ва иншоотҳои кишвар аз ҷониби 62 ташкилоту корхонаи лоиҳакашӣ   зиёда  аз 200 лоиҳа пешниҳод гардид, ки  ин теъдод аз намоишгоҳҳои қаблӣ зиёдтар аст: «Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мо тавонистем меъморон ва  лоиҳакашони  ҷавон ва муҳандисонро барои таҳияи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби фармоишгарон  фармоиш дода мешаванд, ҷалб намоем», -афзуд  номбурда.
        Дар намоишгоҳи мазкур лоиҳаҳои зиёд аз ҷумла, лоиҳаи бинои Вазорати маориф ва илми кишвар, бинои маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, литсеи президентии шаҳри Душанбе, инчунин лоиҳаи навсозии чорроҳаҳои назди ҳайкали  Сино ва шаҳраки 82 бо шаклҳои нав ба намоиш гузошта шуданд.

 
 
 
 
 
 

Март 19, 2015 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд