Мулоқоти Имомуддин Сатторов бо губернатори вилояти Иваново
Душанбе, 30.03.2015. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар ФР Имомуддин Сатторов дар ҳошияи сафари кориаш ба вилояти Иваново бо губернатори вилоят Павел Конков мулоқот анҷом дод.
Ҷонибҳо вазъу дурнамои ҳамкории дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва вилояти Иваново дар бахшҳои тиҷорату иқтисодиёт, сармоягузорӣ, фарҳангу гуманитарӣ ва кишоварзӣ, ҳамчунин масоили танзими раванди муҳоҷирати меҳнатиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар ин бора намояндаи расмии Сафорати ҶТ дар ФР Муҳаммад Эгамзод ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
«Мо ҷонибдори рушди босуръати муносибатҳо дар сатҳи баланд буда, ният дорем, ки моҳи май ҳайати вилояти Ивановоро ба Тоҷикистон фиристода, хусусан аз вилояти Хатлон, ки бо он созишномаи ҳамкориро имзо кардаем, дидор намоем», — гуфт губернатори вилояти Иваново.
Сафири Тоҷикистон дар навбати худ зикр намуд, ки дастовардҳои имрӯзаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Русия самараи мушорикати стратегӣ ва муносибатҳои дӯстонаи байни ҳар ду кишвар аст, ки дар бахши ҳамкории сиёсию иқтисодӣ ба натиҷаҳои судманд ноил шудааст.
Имомуддин Сатторов ҳамчунин зикр намуд, ки Тоҷикистон барои дастраси Русия ва вилояти Иваново гардонидани маҳсулоти кишоварзиаш имкониятҳои бузург дорад.
Зимни мулоқот ҳамчунин дурнамои ҳамкорӣ дар бахши маориф, аз ҷумла равобити донишкадаҳои олӣ ва тарбияи кадрҳо барои Тоҷикистон муҳокима шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






