Мулоқоти Рустам Назарзода бо Силван Ланиэл

Март 2, 2015 10:42

Душанбе, 2.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Директори   Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар Рустам Назарзода бо Силван Ланиэл — атташеи ҳарбии Сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳафтаи гузашта мулоқот намуд.
Р. Назарзода ба Силван Ланиэл оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва минтақа, тамоюли рушди он, ҳамкориҳо ва амалиёти муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нақл намуд.
Атташеи ҳарбӣ омодагии худро дар гузаронидани тренинг дар заминаи Маркази таълимии агентӣ барои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи на танҳо Тоҷикистон, балки Афғонистон, Покистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин гузоштани саҳми арзанда дар таҳияи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» баён намуд.

Март 2, 2015 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд