Мулоқоти С.Тағойзода бо А. Гобиизӣ

Март 12, 2015 11:06

Душанбе, 12.03.2015.( АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода 10 март бо Сафири фавқулода ва мухтори Эфиопия дар Туркия, Ҷумҳурии Қиргизистон, Гурҷистон, Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон  Айлев Гобиизӣ мулоқот намуд.
Дар ҷараёни вохўрӣ Айлев Гобиизӣ миннатдории хешро ҷиҳати фароҳам овардани мулоқот баён дошта, дар бораи танзими раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва саҳми ҳамватанони бурунмарзӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат инчунин, омўзиши таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро хостор шуд ва барои ба роҳ мондани ҳамкории минбаъдаи тарафайн мақсад гузошт. 
Сафир зикр кард, ки Эфиопия давлати  интиқолкунандаи қувваи корӣ ба хоричи кишвар мебошад ва аз ин рў, зарур мешуморад, ки таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт омўхта шавад. 
Дар навбати худ Сумангул Тағойзода оид ба омода намудани  муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз сафар ба хориҷи кишвар ва ҳамкорӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ иттилоъ дода, гуфт, ки соҳаи муҳоҷирати меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хешро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ба роҳ мемонад. Азбаски аксарияти муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолият ба Федератсияи Русия мераванд, Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим шуморид, ки дар Федератсияи Русия Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис диҳад.
 Бояд гуфт, ки Намояндагии вазорат дар Федератсияи Русия баҳри ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
 Бино ба иттилои сухангӯи Хадамоти муҳоҷират Абдуллоҳи Кодирӣ, тарафҳо масъалаҳои муҳими соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро ҳаматарафа таҳлил намуда, пешниҳод намуданд, ки баҳри пешбурди соҳа ва омўхтани бозори меҳнати ҳар ду кишвар  гурўҳи коршиносони муштарак таъсис дода шавад. 
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд  сурат гирифт. 

Март 12, 2015 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд