Мусобиқаи футболи бонкдорони Суғд ба марҳилаи ј ниҳоӣ расид

Март 13, 2015 11:06

Душанбе, 13.03.2015. (АМИТ “Ховар”). — Бозиҳои гурӯҳӣ дар мусобиқаи футболи байни дастаҳои низоми бонкии вилояти Суғд, ки 23 феврали соли   ҷорӣ дар толори варзишии Абдураҳмони Ҷомӣ, воқеъ дар Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони “Шоҳин” -и шаҳри Қайроққум оғоз ёфтанд, ба поён расиданд ва 8 дастаи беҳтарин ба бозиҳои ј ниҳоӣ роҳхат гирифт. Хотиррасон мекунем, ки мусобиқа  бо ширкати 14 дастаи низоми бонкии вилоят дар ду гурӯҳ ҷараён гирифт.  
Дар гурӯҳи “А”  дастаи “Рахш” (Шуъбаи минтақавии Бонки Миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд) дар ҳамаи 6 бозӣ ғалаба ба даст оварда, бо касби 18 хол ҷойи аввалро ишғол намуд. Дастаҳои футболи  “Соҳибкорбонк”,  “Эсхата -2” (собиқадорон) ва “Матин” мутаносибан ҷойҳои дуюм, сеюм ва чорумро ишғол намуданд. 
Дар гурӯҳи “Б” «Эсхата» низ дар ҳамаи 6 бозӣ ҳарифонашро мағлуб карда, бо касби 18 хол ҷойи аввалро ишғол намуд. Се ҷойи баъдинаро дар ин гурӯҳ дастаҳои “Агроинвестбонк”, “Амонатбонк” ва  “Рахш-2” (дастаи собиқадорони шуъбаи минтақавии Бонки Миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд) ишғол карданд. 
Ҳамин тариқ, имрӯз, 13 март ду бозии аввалини  ј ниҳоӣ баргузор мешавад. Дар ин рӯз дастаҳои “Рахш” ва “Рахш-2”, инчунин   “Матин” ва “Эсхата”  ба ҳам қувваозмоӣ мекунанд.  Рӯзи шанбе дастаҳои “Соҳибкорбонк”  бо  “Амонатбонк”  ва  “Эсхата -2” бо “Агроинвестбонк” мусобиқа хоҳанд кард.  Ғолибони ин ҷуфтҳо ба бозиҳои нимниҳоӣ роҳхат мегиранд. Бозии ниҳоӣ 18 март баргузор мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки  мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, бахшҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Агроинвестбонк” дар вилояти Суғд ва дастгирии Федератсияи футболи вилоят ба ифтихори ҷашни байналмиллалии “Наврӯз -2015” таҳти шиори “Барои футболи ростин, зебо ва боадолат” гузаронида мешавад.
 
 

Март 13, 2015 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад