Мусобиқаи идонаи оташнишонон

Март 18, 2015 11:34

Душанбе, 18.03.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Ҳафтаи равон дар варзишгоҳи машқи таълимии Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ва 70-умин солгарди «Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» мусобиқаи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ оид ба бозии волейбол дар байни ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонии гарнизони Душанбе баргузор гардид. Дар чорабинии варзишӣ 16 даста  маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, ҷойи якумро Хадамоти оташнишонӣ оид ба муҳофизати неругоҳи барқи обии Роғун, ҷойи дуюмро Хадамоти оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Сино-1-и пойтахт ва ҷойи сеюмро Хадамоти оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Ваҳдат ишғол намуданд.  
Ғайр аз ин ғолибон ва иштирокчиёни мусобиқа бо «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. 
 
 
 

Март 18, 2015 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд