Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба Наврӯз

Март 18, 2015 09:34

Душанбе, 18.03.2015.(АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Мусобиқаи  варзишии шоҳмот ва волейбол бо иштироки  кормандони дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои низоми он 17 март оғоз гардида, то 20 март идома хоҳад ёфт.
Мусобиқаи мазкур дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва МД  «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» доир гардида, ҳангоми таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2015 дар вазорат ҷамъбаст хоҳад шуд.
Бино ба иттилои вазорат дар ин рӯз  ғолибони ин мусобиқаи варзишӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ  қадрдонӣ мегарданд. 
 Бояд зикр намуд, ки чорабинӣ дар асоси фармоиши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омодагӣ  ва дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ ташкил намудани Иди байналмилалии Наврӯз-2015 ташкил шудааст. 
 

Март 18, 2015 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд