Мусобиқаи волейбол миёни донишҷӯён
Душанбе,17.03.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар толори варзишии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ мусобиқаи волейбол миёни дастаҳои донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои пойтахт идома дорад. Имсол дар ин мусобиқаи анъанавӣ 16 даста аз ҳисоби донишҷӯён таъсис дода шудааст, ки барои дарёфти ҷоми Донишгоҳи техникӣ миёни ҳам рақобат доранд.
Мусобиқа рўзи 10- уми март шурӯъ гашта, вохӯриҳои даври ниманиҳоӣ ва ниҳоӣ рӯзҳои 18- ум ва 19 март баргузор мешаванд. Рақобатҳо ба таври даврӣ ҷараён дошта, мусобиқа аз 9 давр иборат аст.
Дастаи волейболи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ғолиби чандкаратаи ин мусобиқа ба ҳисоб меравад ва имсол низ барои ҳимояи ин унвон талош дорад, аммо соҳибони мусобиқа- тими волейболи Донишгоҳи техникӣ ин навбат барои дастболо гаштан омодагии хуб дидааст. Барои пешгӯӣ кардани ғолиб ҳанӯз барвақт аст, зеро имсол дастаҳои волейболи пурқувват зиёданд.
Ба гуфти мураббиён солҳои қаблӣ дар мусобиқа 8 даста иштирок мекард ва имсол шумораи дастаҳои волейбол ба 16 адад расид, ки он аз рушди ин намуди варзиш ва гаравидани ҷавонон ба намудҳои мухталифи варзиш дарак медиҳад.
Ҷоми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар давоми 10 соли охир ҳамасола гузаронида мешавад.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






