Мусодираи лавозимоти ҷангӣ дар пойтахт

Март 14, 2015 13:36

Душанбе, 14.03.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дар натиҷаи гузаронидани як амалиёти махсус, дирӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе сокини 39-солаи ноҳияи Рашт Н. Маҳмадов бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардид. 
Назар ба иттилои ВКД ҶТ, дар вақти азназаргузаронии мошини шахсии дастгиршуда тамғаи «Mersedes-Benz», 1 адад автомати тамғаи АКМ, 1 адад тирдон бо 14 дона тир, 1 адад таппончаи пневматикӣ бо балони газ бо 160 тир, 2 адад корд, 1 адад ғилофи таппонча ва 1 адад ниқоби рангаш сиёҳ дарёфт ва мусодира шуд. Нисбат ба  далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад. 

Март 14, 2015 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд