«Наврӯз- шиносномаи миллат»-китоби нави Президент
Душанбе, 18.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар остонаи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз нашриёти «Адиб» китоби Прзеиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро таҳти унвони «Наврӯз -шиносномаи миллат» бо забони тоҷикӣ мунташир намуд.
Китоб бо теъдоди ду ҳазор нусха рӯи чоп омада, дар он паёмҳои наврӯзӣ ва суханрониҳои Президенти кишвар, ки дар ҷашнҳои наврӯзӣ баён гардидаанд, гирд оварда шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки суханрониҳои Президенти ҷумҳурӣ дар ҷашнҳои наврӯзӣ моломоли меҳру муҳаббат ба ин ҷашни ҷаҳонӣ -Наврӯз ва саршор аз тарғиби омолу рафтори ҳамидаанд.
Мураттибони китоб Фарҳоди Карим ва Абдурауф Муродӣ саъй намудаанд, ки дар китоби мазкур қисмате аз суханрониҳои Сарвари давлатро, ки дар ҷашнҳои наврӯзӣ ироа гардидаанд, таҳти дебочаҳои «Ҷашни пирӯзии нур бар зулмот», «Наврӯзи бостонӣ ва ҷаҳонӣ», «Суннатҳои неки наврӯзӣ безаволанд», «Рамзи офариниш ва эҳёи табиат», «Ҷашни озодагӣ ва озодагон», «Наврӯз -пайки шодмонӣ ва шодкомӣ», «Наврӯз ифодагари ормонҳои муқаддас ва неки миллист», «Наврӯз таърихи зиндаву бедор ва бақои миллати тоҷик аст» гирд оранд.
Китоб бо сифати баланд рӯи чоп омада, ҳамзамон дар он расмҳои марбут ба таҷлили ҷашни ниёгон -Наврӯз дар минтақаҳои кишвар ва дигар суннатҳои наврӯзӣ ҷо дода шудаанд.
То ҷое мусаллам аст, Наврӯз аз ҷашнҳои бостонии мардумони эронитабор буда, пайдоиши онро ба аҳди қадимтарин шоҳ-Каюмарс ва таҷлили Наврӯзро ба давраи салтанати шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд.
Наврӯз аз қадимтарин ва муқаддастарин оини ниёгони мо маҳсуб ёфта, он аз фарорасии фасли зебои сол -баҳор ва оғози Соли нави аҷдодӣ паём мерасонад. Асолати иҷтимоию фарҳангии Наврӯз хеле бузург буда, он далели рушду пешрафти тафаккури созандаву бунёдкорӣ, муттаҳидию ҳамгироии мардумон аст. Маҳз бо назардошти асолати бузурги иҷтимоию фарҳангӣ ва қадимию таърихӣ доштани Наврӯз бо Қарори Маҷмааи кулли Созмони Миллали Муттаҳид панҷ сол муқаддам Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ эътироф шуд. Ва ҳамасола 21 март ё худ рӯзи аввали фарвардинмоҳ дар ҷаҳон, хусусан дар он кишварҳое, ки аз Наврӯз таҷлил менамоянд, ин ҷашни фархунда бо шукӯҳи хосса, дар сатҳи баланд бо тамоми анъанаю суннатҳо ҷашн гирифта мешавад ва он мардумони сайёраро ба сарҷамъию ҳамзистӣ ҳидоят менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






